Ҳувайдо духтари нокоми Модар,
Ғарибафтодаи сарсоми Модар.
Гарон бошад ғаму дарди фироқат,
Биёрад оқибат анҷоми Модар.
Дили Модар зи қисмат нест розӣ,
Ба Ҳақ бар арзу дод аз номи Модар.
Шикоят кун зи давру қотили хеш,
Ба Ҳақ эй донаи бодоми Модар.
Туро аз шохи ҳастӣ нобакоре,
Биканд эй ғунчарӯи хоми Модар.
Бирафтию бидунат эй фаришта,
Саҳар дигар надорад шоми Модар.
Бароят дар само маҳтоб сӯзад,
Шаҳиди шаҳри ғам, хушноми Модар.
Аҷал бо дасти як иблис бурдат,
Туро, эй аз Худо инъоми Модар.
Дили хурду калон ғамхона гардид,
Сиришколуда монд андоми Модар.
Ғарибӣ - дарди Миллат кард охир,
Пур аз заҳри ҳалоҳил коми Модар.
Ба сӯгат нола дорад Тоҷикистон,
Адо пешат нагардид воми Модар.
Кас