Модарам ашке марез, ҷонам ба қурбони ту аст.Ҷони ман қурбони он дастони ларзони ту аст.Меравам сӯи ғарибӣ Модарам ғамгин машав.Дар ғарибӣ ёди ман доим ба фармони ту аст.Ту агар дури зи чашм, Модар ба дил наздиктарӣ,Чунки Модар ин дили ман, рӯи дастони ту аст.Ман ғарибам Модари ҷон, дурам аз оғӯши ту.Ин дили ман ташнаи он меҳру оғӯши ту аст.Бахти худро одамон дар молу пул бинанд агар,Модари ман, бахти ман як кунҷи домони ту аст.Меравам сӯи ту боз Модар ту пазмонам машав.Ашки шодӣ хоҳи рехт, он рӯз пазмони ту аст.Модарам бахшо маро к-ин шеъри ман анҷом ёфт.