Бидон! Се чиз якҷо парвариш меёбанд: Гул, хор, хушбуӣ. Се чиз парда мехоҳанд: Хурдан, зан, давлат. Се чизро кучак фикр макун: Фарз, қарз, мариз. Се чизро афзоиш диҳед: Ақл, ҳиммат, муҳаббат. Се чиз аз ҳар як ҷудо мешаванд: Сурат, сират, қисмат. Се чиз инсонро табоҳ месозад: Ҳирс, ҳасад, ғам. Се чиз бародарро бо бародар душман месозад: Зар, зан, замин. Се чиз ҳофизаро қавӣ месозад: Руза, мисвок, тиловати Қур'он Се чиз дар зиндагӣ ба инсон якбор дода мешавад: Волидайн, ҳусн, ҷавонӣ.