Муфтӣ: Касе сарвари давлатро
иҳонат кунад, Худованд хору
залил мегардонад 19 декабр 2015, 09:28 Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, Худованд
касонеро, ки сарвари давлатро иҳонат мекунанд, хору
залили ин дунёву охират мегардонад. Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон 18 декабр дар мавъизаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказӣ гуфт, Худованд ба онҳое, ки сарвари давлат ва пешвои миллатро эҳтиром кунанд,
осудагии ин дунёву охиратро ато мекунад, аммо касонеро, ки ба ӯ иҳонат мекунад, хору залили ин дунёву охират
мегардонад. Ҷаноби Абдулқодирзода гуфт, шоҳи одил, президенти одил ё пешвои одил ҳамин аст, ки адл мекунад. Ӯ раисиҷумҳури
кишварро шахси одил хонда,