★ АЗОБИ ТОРИКУНАМОЗ ★
Ба ҷаннат нест ҷойи бенамозон,
Диҳад дӯзах ҷазойи бенамозон.
Агар хоҳӣ, ки дар ҷаннат даройӣ,
Марав андар саройи бенамозон.
Чунин аз раҳмати Ҳақ бенасибанд,
Ҳазар кун аз балойи бенамозон.
Шунав панди ману бегона мебош,
Машав худ ошнойи бенамозон.
Қабули ҳазрати Эзид набошад,
Яқин медон дуъои бенамозон.
Агарчи соҳиби мулканду моланд,
Мазан худ дар ҳубойи бенамозон.
Барояд то ба ҳафтум чархи гардун,
Зи дӯзах нолаҳойи бенамозон.
Дароранд дар сақар он танбалонро,
Барояд вой-войи бенамозон.
Нахоҳад дид, бешак, рӯзи маҳшар
Расули Мустафоро бенамозон
Саҳаргоҳе ба назм овард Саъдӣ,
Ду-се байте баройи бенамозон.
Асалому Алекум бародарон ва хоҳарони азиз!
Мақсуд аз ин мақола инас