Ҳодисае аз ҳаёти Иброҳим (а.с) ва меҳмони ношиноси ӯ.
Овардаанд, ки Ҳақтаъоло дар саховат Иброҳим (а.с)-ро чунон ороста буд, ки ҳаргиз бе меҳмон таъом намехурд. Рӯзе пеши дари эшон марде омад ва гуфт:
- Ё Иброҳим, гурусна омадам, маро таъом бидеҳ.
Иброҳим (а.с) назар ба рӯи ӯ бикард ва дид, ки ӯ бегона аст. Гуфт:
- Ту бегона менамоӣ ва таъоми ман барои бегонагон нест.
Чун он мард аз забони Иброҳим (а.с) ин сухан шунид, шикастадил гашт ва рафт. Ҳамон замон Ҷабраил (а) даррасид ва бар Иброҳим (а.с) гуфт:
- Ё Иброҳим, Худо мегӯяд, ки: "Эй Иброҳим, чаро бандаи маро таъом надодӣ? Ҳафтод сол бошад, ки ин бандаамро ризқ медиҳам, ягон боре нагуфтаам, ки ту бегонаӣ ва туро ризқ нахоҳам дод. Т