Ман аз танҳоӣ дилгирам, Бубин дар пой занҷирам. Чаро раҳме надорӣ ту, Биё наздам, ки мемирам. Зи ман рафта хатоиҳо, Бисўзам аз ҷудоиҳо. Ба ёдат кай расад ёрат, Намоӣ меҳрубониҳо? Мани зиндониро, ҷонам, Канори туст армонам. Фироқи ту, висоли ту, Рабуда сабр аз ҷонам. Дилам хун шуд зи танҳоӣ, Суроғи ман намеоӣ.