Эй Мусулмонон надонам то чӣ даврон омадаст,
Ин чӣ бедодиву бадбахтӣ ба халқон омадаст.
Ин чӣ бедодиву бадбахтӣ, ки дар олам муставлӣ шудаст,
Аз барои ҷабру зулму бори исён омадаст.
Авратон бе шарм гашта кудакон бас бе адаб,
Лофу кизбу беҳаёӣ, бенамозӣ кори эшон омадаст.
Илмро қадре намонда олимонро ҳурмате,
Вақти танбӯру рубобу ною анбом омадаст.
Олиме аз дар дарояд бо ҳазорон илму фазл,
Таънаҳо созанд, ки муфлис аз пайи нон омадаст.
Золиме аз дар дарояд, бо ҳазорон ҷабру зулм,
Хона ороянд, ки ӯ аз пеши султон омадаст.
Дар замонаш неъмату мурғу кабоб оранду пеш,
Ки фалон ибни фалон имрӯз меҳмон омадаст.
Олимонро хор доранд, золимонро бас азиз,
Лоҷарам бар халқ монад ҳамчу борон омадаст.
Ту