Ман, агар девонаам, занҷир ку?
Гар асири донишам, тадбир ку?
Гар зи хокам, ин рамиданҳо зи чист?
В-ар зи бодам, орамиданҳо зи чист?
Гар зи оташ, пас чӣ шуд хокистарам?
Шуд куҷо дуду шарору ахгарам?
Гар шудам пайдо ба иқболи суҷуд,
Аз суҷуди беҳузури ман чӣ суд?
Саҷдае, ин хок молидан ба рӯст,
Дар риёи ман зиёи абруст.
Гар шудам пайдо, ки назди ину он,
Сар ниҳам ба ҳар адои имтинон.
Пас зи фарқам тоҷи каррамно чӣ шуд?
Он ҳумоюн маснади аъло чӣ шуд?
Гар шудам пайдо, ки пардозам сухан,
Шамъсон сӯзам миёни анҷуман.
Сӯхтам, аммо чӣ шуд анвори ман?
Тобиши пояндаи гуфтори ман?
Ақл додандам, ки донам рози дӯст,
Ман надидам ин дам, охир, ғайри пӯст.
Ё нигоҳи дониши ман хира шуд,
Ё гуҳар пинҳон дар об