Эй бародар, симу зар ёби агар, аз худ марав, Ин хама бехудаги бар чони нодон душман аст. Бар руху бар чашми зебои занон мафтун машав, Нозанини аз барои нозанинон душман аст. Чашм бикшову бубин гарданда чархи ахзари, Мекашад гирдоб осон хар киро аз як саре. Дур будан аз Ватан бас марг дорад бартари, Дар гариби хар кадам бахри гарибон душман аст Ман чи сон хомуш биншинам, ачал дар дида аст Кас ба дунье кисмату такдирро кай дидааст? Аз хати пешони кас диди, ки сар печидааст? Шохро мулку гадое бар гадоён душман аст