Орзу дорам, ки ман оинаи рўят шавам, То бувад умре чу дарвеши дуогўят шавам. Аз паят чун соя бошам то ғурубу баъди шом, Ҳалқаи сарҷамъӣ дар он хирмани мўят шавам. Орзуям он, ки бошам ман матое бар танат, Посдори ҳар нигаҳ аз нақши некўят шавам. Орзў дорам чу нури шабчароғи рўи миз, Меҳмони чодари хушрангу хушбўят шавам. Чун насими тундрав дорам зи домонат басе, Бўсаафшон аз лабу гесўву абрўят шавам. Орзу дорам, ки бошам ақрабак бар соатат, Гирдгардон аз нигоҳи чашми ҷодуят шавам. Остони хонаат бошам хиромон бигзарӣ, Баҳравар аз гарди пою кафши гулрўят шавам. Дастгири пушти дар бошам, биҷунбонӣ даме, Дар кафи ангушти зебо дар такопўят шавам. Орзу дорам, ки бошам шоире Дардошно, То ба шеъри то