Марде маъюбе, ки на дасту
пой дошт, на чашми бино,
дар кунҷи масҷид бо зикр
машғул буд ва пайваста
Худоро шукр мегуфт.
Нафаре ҳоли ӯро дид, пурсид:
Ту аз чӣ шукр мекунӣ, бо чӣ
шукр мекунӣ?
Марди маъюб гуфт:
Худованд маро шокиру зокир
офарид.
Дасту пой лозим аст, то дар
роҳи Худо биравӣ, чашми
бино зарур аст, то неъматҳои
фаровони Уро бубинӣ.
Маъюб он аст, ки имонаш
маъюб аст!
Ҳоло маълум нест, ки кӣ
маъюб аст?