ПЕШГӮИҲОИ ҲАЗРАТИ ФИРДАВСӢ. Шавад бандаи беҳунар шаҳриёр, Нажоду бузургӣ наёяд ба кор, Ба гетӣ касеро намонад вафо, Равону забонҳо шавад пурҷафо, Зи эрониву турку аз тозиён, Нажоде падид ояд андар миён - На деҳқон, на турку на тозӣ бувад, Суханҳо ба кирдори бозӣ бувад. Ҳама ганҷҳо зери доман ниҳанд, Бимиранду кӯшиш ба душман диҳанд. Чунон фош гардад ғаму ранҷу шӯр, Ки шодӣ ба ҳангоми Баҳроми Гур: -На ҷашну на ромиш, на кӯшиш ‚ на ком, Ҳама чораву тунбалу сози дом. Зиёни касон аз паи суди хеш, Биҷӯянду дин андароранд пеш. Набошад баҳор аз зимистон падид, Наёранд ҳангоми ромиш набид. Чу бисёр аз ин достон бугзарад, Касе сӯи озодагон нангарад. Бирезанд хун аз паи хоста, Шавад рӯзгори меҳон кост