Даме бошад макун фикре, фақат роҳат фарогат кун.
Табассум кун машав гамгин, фақат шукри саломат кун.
Тасаллои дили худ кун агар бадтинате ранҷонд.
Ба кунчи хилвате бошу, Худоро зикру тоат кун.
Тиҳимагзу даҳанбадбу дилатро гар сиёҳе кард.
Чавобашро мадеҳу, як нафас сабреву тоқат кун.
Маранҷ аз ҳар чаҳолатдил, матарс аз ҳайбату ваҳмаш.
Ба одоби мусалмони ба роҳи ҳақ шафоъат кун.
Агар ё хушкмагзе, хушкдимоге обуруят рехт.
Гуноҳатро Худо резад, машав гамгин ибодат кун.
Агар номарду беномус ва бенанге ҳақорат кард.
Надоди бар ҷавобаш муштро, худро маломат кун.
Ба нохунҳои лафзаш дилхароше гар харошид дил.
Ба гулгаште бирав, аз буи гул дилро табобат кун.
Агар сангиндиле санги мусибатр