Иди Курбон омаду хурсанди аз он мекунам,
Хақ таъолоро зи ҷон шукри фаровон мекунам .
Ҳамчу Иброҳим Халилуллоҳ он дусти Худо,
Ҳар чи дорам, дар рахи Аллоҳ қурбон мекунам.
Роз бо Парвардигораш чун Калимуллоҳ гуфт,
Аз каломаш мулки дилро ман чароғон мекунам.
Халқ шуд Исои Рухуллоҳ бо амри Худо,
Зинда қалби мурдаи хеш ман зи имон мекунам.
Умматам баҳри Муҳаммад, к-у Расулуллоҳ шуд,
Аз шафоатҳои у умеди ризвон мекунам.
Поктинат халқ шуд Одам- Сафиуллоҳ агар,
Касди шайтон-ботил аз аъмоли Раҳмон мекунам.
Киштии Нуҳи Набиюллоҳ раҳо қавме намуд,
Бар Ҳак имон оварам, гар бими туфон мекунам.
Ҷони Исмоил-Забеҳуллост қурбони Худо,
Ҳар чи мехоҳад Худованди Карим, он мекунам.
Бар кафи дасти