Агарчи хастаӣ аз шаб, вале хуршед меояд,
Суроғи ошёни ту, пур аз умед меояд.
Шаби зулмонӣ ҳам бад нест, ҳазорон ахтаре дорад,
Сари танҳои ту, ҷонам, барояш ҳамсаре дорад.
Бикун бовар, бикун бовар, ки фардо ғам намемонад,
Дили ғамдидаат фардо суруди шодӣ мехонад.
Ҳавои зиндагӣ, ҷонам, гаҳе гарму гаҳе сард аст,
Рухи оина ҳам гоҳе дучори таънаи гард аст.
Фақат сар хам макун ҷонам, ба пеши номуродиҳо,
Бирав то остони рӯз, бирав то авҷи шодиҳо.
Бикун бовар, бикун бовар, ки фардо ғам намемонад,
Дили ғамдидаат фардо суруди шодӣ мехонад.