Шикасти зиндаги қолаб надорад,
Дилафгор хандае бар лаб надорад,
Дили ғамдида рӯзу шаб надорад,
Ки ин дунё кирои гап надорад.
Ба қадри якдигар бояд расем,мо,
Замоне зиндаему дастрасем,мо,
Ҳама дар зери хок пешу пасем,мо,
Ки ин дунё кирои гап надорад.
Биёед якдигарро дӯст дорем,
Чаро аз якдигар беэътиборем?
Барои якдигар ҷонро супорем!
Ки ин дунё кирои гап надорад.
Ало ёрон пушаймони чи лозим...
Зи ҳам пайваста дилмони чи лозим...
Пас аз марг марсияхони чи лозим...
Ки ин дунё кирои гап надорад.
Машав аз ҳоли душман шоду хандон,
Ҳамеша бош ҳамчун марди мардон,
Бигир пайваста дасти дардмандон,
Ки ин дунё кирои гап надорад.
Касеро ҳеч макун ҳаргиз тамасхур,
Машав яклаҳзае беҳуда мағрур,
Ғуру