Не лолаву савсану на сунбул гуфтум,
Дар кишвари ғайр оча ,фақат пул гуфтум,
Дар пеши каси пастаки нохондакитоб,
Ман бо сари хам "Гапи ту маъқул"гуфтум.
Дар гуфтани ҳар сухан қазоват кардум,
Не қаҳру кину кибру ғазоват кардум.
Ҳар лаҳза,ки "чурка" гуфтану ""чёрный" маро,
Гуша ба кари дохтаву одат кардум.
Хок бар сари зиндагиву хок бар сари зар,
По бар лаби гӯрему ба лаб хонаву дар.
Ин қадр чаро давем пайи сарвату мол,
Гӯё ,ки кунем зиндаги сад соли дигар.
Эй баъди Худо ту меҳрубонум Оча,
Дур аз бари ту барги хазонум оча.
Ҷое,ки туро ба ҷон парасторӣ кунум,
Дар "Пансионнат" девонабонум оча.
Як сӯ ғами дури аст зи он ёру диёр,
Яксу ғами қарзи хонаву номусу ор.
И камбудиҳо тамомшави кай доранд?