Дар Русия, байни мардум зору хайрон, точикам. Нест чои кору хобат кучасарсон, точикам. Шахр рафтию ба ногах хуччатат пурсад касе. Хотири ошуфтаат гардад парешон, точикам. Аз сахар то шом мехнат мекуни мардонавор. Мондагиатро нафахми, оханинчон, точикам. Дар хама объектхо ашки чабинат рехти Музди коратро надодандат, пушаймон, точикам. Бигзарад умри азизат аз зану фарзанд дур. Хоби шабхоят парад бо ёди онон, точикам. Сар ба оташ мезани хох оташ асту хох об. Бомашакатхо биёби бурдаинон, точикам. Тирамох вакти сафар ояд туро суи Ватан. Мепари бе болу пар барТочикистон, точикам. Нести танхо бародар гам махур монанди ту. Ман яке аз мардикорони газалхон, точикам. Хам нагардад коматат аз кору бори з