Бар замин оҳиста пой мон,ки касон хобидаанд,
Одаму Ҳавою ҳам Пайғамбарон хобидаанд.
Аҳли илму маърифат як як бирафтанд аз ҷаҳон,
Орифону шоирону ҳофизон хобидаанд.
Айнию Хуҷандию Мирзои Турсунзода ку?
Рудакию Туграл дар ин макон хобидаанд.
Мошинат оҳиста рону як назар кун зери хок,
Чанги хокро кам барор, ки Маҳвашон хобидаанд.
Зери хоки тира хуфта ҷумлаи шоҳу гадо,
Хотами Той, Кайқубод, Нушервон хобидааст.
Чингизу Темур ҷаҳонро мулки худ карданд вале,
Оқибат дар зери хоки тирасон хобидаанд