Худовандо, ба даргоҳатбинолам,Ҳамеша ҳастӣ ту огоҳ зи ҳолам.Худовандо гуноҳонам бибахшо,Киман як бандаи ошуфтаҳолам.Баёдат ашки дида ҳар сабоҳ аст,Мародар ҳар қадам чандин гуноҳаст.Намоям тоату тавба биёрам, Киноми поки ту пушту паноҳ аст.Дилам чун мавҷи баҳр туғёндорад,Умед аз раҳмати Раҳмон дорад.Бакори нек ҳамеша ҷаҳд созед,Кирӯзе умри мо поён дорад.Худовандо, диламро шодгардон,Дину дунёи ман обод гардон.Агарчи бандаи пур аз гуноҳам,Зинори дӯзахат озод гардон. Бавасвоси лаъин рафтор кардам,Гуноҳ болои ҳам такроркардам.Худоё, тавбаи манро қабул кун,Пушаймонӣ аз он кирдоркардам