Ҳар ки хор кард модарашро, хор мегардад ҳамон, Бар дари фарзанди бедил, зор мегардад ҳамон. Ҳар ки н-омӯхт аз падар, панду насиҳатҳо агар, Тӯъмаи гургу саги хунхор, мегардад ҳамон, Ҳар ки ранҷонид, ятими бегуноҳу хастаро, Байни халқ шармандаву шармсор, мегардад ҳамон. Бе муҳаббат ҳарки мегзорад, фарзандаш мудом, Аз падар, аз модараш, безор мегардад ҳамон. Ҳар ки ору номуси хештаншиносиро накард, Рафта рафта, мардаки беор мегардад ҳамон. Лек оне, ки гузорад арҷи пирони замон, Даври пири, шахси беозор мегардад ҳамон.