Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд. Сина хоҳам шарҳа–шарҳа аз фироқ, То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ. Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш, Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш. Ман ба ҳар ҷамъийяте нолон шудам, Ҷуфти бадҳолону хушҳолон шудам. Ҳар касе аз занни худ шуд ёри ман, Аз даруни ман наҷуст асрори ман. Сирри ман аз нолаи ман дур нест, Лек чашму гӯшро он нур нест. Тан зи ҷону ҷон зи тан мастур нест, Лек касро диди ҷон дастур нест. Оташ аст ин бонги нойу нест бод, Ҳар кӣ ин оташ надорад, нест бод! Оташи ишқ аст, к-андар най фитод, Ҷӯшиши ишқ аст, к-андар май фитод. Най ҳарифи ҳар кӣ аз ёре бурид, Пардаҳояш па