Дило бархезу тоъат кун, ки тоъат амри Ҷаббор аст.
Амал кардан ба амри Ҳақ туро беҳтар зи ҳар кор аст.
Зи бисмиллоҳ намо оғоз, тавакал бар Худоят соз.
Шавад Ӯ ҳамадаму ҳамроз, ба ҳар корат мададгор аст.
Машав аз ёди Ҳақ ғофил, муроди ту шавад ҳосил.
Саҳархез шав дуои субҳ, иҷобат назди Ҷаббор аст.
Бихез шабзиндадори кун, ба даргоҳаш ту зори кун.
Ба тоъат куш то тоъат, туро нахли пур аз бор аст.
Дилло дар илм ҳарис мабош,биҷуй дар Чин гарам бошад,
Бирав назди касе биншини, ки ӯ аз илм хабардор аст.
Худоро хон, Худоро дон, ба ҳар ҳоле дилло боши.
Худо доною ҳам бино , зи ҳар ҳоле хабар дорад.
Ба ҳар коре амал бояд, ки то неши асал орад,
Нарав дунболи нафси хеш, ки шайтон сахт маккор аст.
Био