Дар рӯзгори пешин духтаре, ки тоза ба шавҳар баромада буд, сари мавзӯъе бо шавҳараш баҳс карду қаҳр карда хонаи падар омад ва назди падараш аз шавҳари худ шикоят намуд.
Падар баъди оне, ки ба ҳарфҳои духтараш гӯш дод, гуфт: Хуб духтарам, бо шавҳарат суҳбат хоҳам кард.
Рӯзи дигар падар ҳамаи мардҳои хонаводаашро, ки бо духтар маҳрам буданд дар хона ҷамъ кард, (ҳатто шавҳари духтарашро низ) ва ба ҳар яке чодаре дод ва ба ҳамсараш гуфт, ки духтарашонро нимаурён кунаду вориди хона созад.
Модар дастури шавҳарашро итоат намуд ва духтарро нимаурён ба хона фиристод.
Чун духтар ба хона даромад аз хиҷолат сурх шуд ва чи кор карданашро намедонист.
Падар чодарашро кушод ва гуфт: Биё духтарам, пинҳон шав