Ягона мавҷуде, ки то охирин қатраи хунаш дӯст медорад ин зан аст.
Оноре де Балзак
Аслан ҳар сухане, ҳар шеъре, ҳар номаи сипосу муҳаббатро ин ҷо наёварам, барои ибрози кулли таманниёти имрӯз басанда нест.
Рӯзи МОДАР...
Ҳар рӯзи офаридаи Худо рӯзи модар аст, ҳар лаҳзаву дақиқаву сонияи умри худ, мо миннатпазири модарем, назди бузургиву таҳаммулу порсоӣ ва бахшояндагии ӯ шармандаем. Умре қарздораш ҳастем...
Модарҷони азизам, мояи ифтихорам, қуввати дилу сарчашмаи илҳомам, идатон фархунда бод!
Аслан, агар имкон медошт, мехостам Худованд умри маро ба Шумо бидиҳад, лек бо вуҷуди ин таманно мекунам тану ҷисматон дардро набинад, ҳамеша шоду хуррам боше