Сабақ бигрифтам аз девони Туғрал,
Зи шеъри лоиқу шоёни Туғрал.
Басо қанду асал хӯрдам фаровон,
Ман аз як кунҷи дастархони Туғрал.
*** ***
Эй Худо, дар шоирӣ илҳоми туғралвор деҳ,
Гар саховат медиҳӣ, чун Хоҷаи Аҳрор деҳ.
Ман, ки худ масти аласт аз назми Туғрал гаштаам,
Хоҳамат аз ҷоми Туғрал, бодаи саршор деҳ.
*** ***
Аё Туғрал, суханҳоят тамизанд,
Барои ошиқон шеърат азизанд.
Тамоми фасл поку тоза ҳастанд,
Гуле, ки накҳати худро нарезанд.
*** ***
Чу Туғрал шоири маҷнун надидам,
Чу шеъраш мисраи мавзун надидам.
Шарифу шеърдону шеърпарвар,
Ба ҷуз аз мардуми Зосун надидам.
*** ***
Биё,бингар даме бар роҳи Туғрал,
Бар он андешаи огоҳи Туғрал,
Ки равшан мекунад фардои миллат,
Муборак як саду панҷ