🔸 Матни пурсиш:
Оё желотине ки аз устухони хук гирифта мешавад ва дар фарояндҳое ба маводди ғазойи ва желе табдил мешавад ҳукми истиҳола дорад ва хӯрданаш ҳалол аст?
🔸 Матни посух:
«Истиҳола» ба маънои табдили моҳияти чизе ба чизи дигар то ҳадде аст ки ҳеҷ як аз аҷзоъи он боқӣ намонад, монанди табдили мурдор ба хок. Бо ин васф, истихроҷи желотин аз устухони хук, истиҳолаи хук шумурда намешавад, балки фароварии хук ва монанди гирифтани рӯғани (маска) аз шир аст; Зеро моддаи аслии он, кложини мавҷуд дар устухони хук аст ки ҷузъӣ аз хук шумурда мешавад ва ба табъи он ҳаром аст ва рӯшан аст ки ҳурмати хук, ба маънои ҳурмати ҳамаи аҷзоъи он ва ҳурмати ҳамаи мавводе аст ки ба наҳве аз аҷзоъи он гирифта мешаванд.
Бо ин ҳол, агар эҳтимол меравад ки желотини мустахриҷ аз устухони хук, дар асари истиҳола ва на фароварии устухони хук падид омадааст, боз ҳам ба наҷосат ва ҳурмати он ҳукм мешавад; Чароки шак дар истиҳолаи он, маҷрои истисҳоб аст. Балки агар яқин ба истиҳолаи он вуҷуд дошта бошад низ дар бораи пок кунанда будани истиҳолаи он миёни мусалмонон ихтилоф аст; Зеро аз Абу Ҳанифа (д.150қ) нақл шудааст ки онро ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/3016/


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев