ДАСТБУСӢИн расми ориёиёни бостониро мардуми Бадахшон ҳифз кардаанд, ва зимни салому алейк, дасти якдигарро мебусанд.
Дастбусӣ рамзи сулҳу оштӣ, нишонаи меҳру самимият, аломати эҳтироми якдигарӣ - бахусус, эҳтирому ҳурмати ҷавонон нисбат ба солмандон аст.
Аз суи дигар, шояд ба ин хотир, ки даст рузидеҳи инсон аст, даст василаи кору заҳмати инсон аст ва даст хидматгузори халлоқияти инсон аст, ки оғоз аз дастбусӣ ривоҷ ёфт. Ин рамзи нек ба фикри каминаҳам иштибоҳе нест. Зеро даст нишондиҳандаи хислату ниҳоди инсонҳам низ аст. Кунун мехостам ду мисолеро кошам, то каме равшантаратон бошад. Муштзуре бар сари бегуноҳе даст мебардорад, инсони нек сари ятимеро сила мекунад ва аз ҳамин ҷият нишонаҳои