Ҳарчи дорам аз ту дорам, эй падар! Эй падари азизу гиромӣ ва хеле-хеле бузургворам! Эй кош тавоноии онро медоштам, ки аз арш то фаршро бароят гулборон кунам ва бар дастони саршор аз меҳру лабрез аз отифаат, ки мазҳару маншаъи ишқу умед аст, бӯса занам. Ҳарчи дорам аз ту дорам, эй падар! Эй ки ҳасти нури чашму тоҷи сар. Эй падар бӯи шақоиқ медиҳӣ! Ошиқиро ёди ошиқ медиҳӣ! Бо ту сабзам, гул баҳорам, эй падар! Ҳарчи дорам аз ту дорам, эй падар Падар яъне: Оне ки лаззати падар доштанро начашид , вале барои хелеҳо падарӣ кард. Падар яъне: Касе, ки наметавонамро зиёд дар чашмонаш дидам, аммо ҳаргиз аз забонаш нашунидам.Падар яъне: Оне ки ҷоруб дар даст тамоми шаҳрро мерӯбад , то ки зану фарзандаш