Модари афсонагўям, зинда бош, Доимо хандида сўям, зинда бош. Шеър дар васфи ту аз чонам расад, Эй баҳори орзуям, зинда бош. Аз дуои туст сарсабзии ман, Бо ту дар нашъу нумўям, зинда бош. Нур меборад зи рўйи поки ту, Модари хуршедрўям, зинда бош. Бо ту мефахрам дар ин дунё, туи! Эътибору обруям, зинда бош. Аз гулистони таманнохои ту Ман гули уммед буям, зинда бош. Баъди бисмиллох номат бар забон Ояд аз каъри гулуям, зинда бош. Хар кучое бастаам рахти сафар, Бе дуоят рах напуям, зинда бош. Зиндаги афсонае будасту бас, Модари афсонагўям, зинда бош..