АЗ ГӮШАИ БОМЕ, КИ ПАРИДЕМ,ПАРИДЕМ
Мо чун зи даре пой кашидем, кашидем,
Умед зи ҳар кас, ки буридем, буридем.
Дил нест кабутар, ки чу бархост нишинад,
Аз гӯшаи боме, ки паридем, паридем.
Рам додани сайди худ аз оғоз ғалат буд,
Ҳоло ки рамондиву рамидем, рамидем.
Кӯйи ту ки боғи Ираму равзаи хулд аст,
Ангор, ки дидем надидем, надидем.
Сад боғи баҳор асту салои гулу лола,
Гар меваи як боғ начидем, начидем.
Ваҳшӣ сабаби дуриву ин қисм суханҳо,
Он нест, ки мо ҳам нашунидем, шунидем.
✍ Вахшии Бофқӣ