Хоки пояш сурмаи чашми сараст, Дар ризояш ҷаннате пеши дараст. Баҳри ҳурмат лоиқи мо кист,кист? Модарасту Модарасту Модараст. Шири покаш лаззате аз Кавсар аст, Аз ҳама шириниҳо ширинтар аст. Баъди Ҳақ чун розиқи мо кист,кист? Модарасту Модарасту Модараст. Ҳар садояш бар дили мо ҷавҳараст, Аллаҳояш як каломи дигараст. Хушзабону нотиқи мо кист,кист? Модарасту Модарасту Модараст. Кокули испеди ӯ мушкит араст, Рӯи ожангаш чу моҳи анбараст. Нури шоми торики мо кист,кист? Модарасту Модарасту Модараст. Ҳар дуояш баҳри мо бахтовар аст, Чун давое бар дилу ҷону сараст. Пас табиби ҳозиқи мо кист,кист? Модарасту Модарасту Модараст. Қуввати дил гар чӣ моро додараст, Баҳри мо дилсӯз гарчӣ хоҳараст. Бовафо