Эй орзуи рафтаам, боз о, ки ёдат мекунам, В-эй хотироти дури ман, боз о, ки ёдат мекунам. Хар катрахои ашки худ, гавхар кунам пеши рахат, Аз хачри ту сузам чу шамъ, боз о, ки ёдат мекунам. Чашмони ман гарки нам аст, руъёи нопайдои ман, Наздам биё шаб, хар гахе, боз о, ки ёдат мекунам. Кай ту бидони сузи дил, фарёди чон кай бишнави, Овои калби интизор, боз о, ки ёдат мекунам. Аз руи махтоб барчинам, нури мунавварсозро, Рахшон кунам шоми туро, боз о, ки ёдат мекунам. Тири нигохат мезанад, сад захм бар калби фигор, То хол дил хун мечакад, боз о, ки ёдат мекунам. Ин дод аз дасти фалак, моро чудо карду бигашт, Матлаб чи дорам ман дигар? Боз о, ки ёдат мекунам. Ошуфтахотир гаштаам, аз сабри хичрон