НОМА БА ЗАНИ ДУЮМИ ШАВҲАРАМ...
Салом ба аҳли қалам ва хонандагони дӯстдоштаам «Киссахои хаёти». Ин номаро ба шумо зане менависад, ки дар бистари марг хоб асту ҳамагӣ чилу панҷ сол дорад. Дарди бедармоне ба гиребони ҳаётам чанг задааст ва хуб медонам, ки рӯзҳои башуморе аз умрам боқӣ мондаанд. Ду сол боз бо ин дард мубориза бурдам, вале ҳеҷ кас ба дардам даво наёфт, мехоҳам пеш аз маргам дар бораи зане нависам, ки давоми ҳамин ду сол баробари шавҳарам дар бари ман рост буд. Ҳарчанд ман аз будани ӯ дар ҳаёти шавҳарам огаҳӣ доштам, вале худамро ба нодонӣ мезадам. Ӯ низ ҳеҷ гоҳ аз худаш дарак надодааст, вале ман медонам ӯ ҳаст, ин зан зани дуввуми шавҳарам аст. Ростӣ, намедонам ӯ аз мурдани ма