ВО ҒАРИБ....
*****
Дил муқимӣ кӯи ҷонон асту мо ин ҷо ғариб,
Чун кунад бечораи мискинтани танҳо ғариб.
Орзӯманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар ҷаҳон, то чанд гардам,бе сару бе по ғариб?!
Чун ту дар ғурбат наяфтодӣ, чӣ донӣ ҳоли мо,
Меҳнати ғурбат надонад, ҳеч кас, Илло, ғариб.
Ҳаргиз аз роҳи карам рӯзе напурсидӣ, ки чист,
Ҳоли зори мустамандӣ монда дур аз мо ғариб.
Чун дар ин даврон намеафтад касе бар ҳоли мо,
Дар чунин шаҳре, ки мебинӣ ки афтад бо ғариб?
Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,
Во ғарибо, во ғарибо, во ғарибо
во ғарибо.
✍️Камоли_Хуҷандӣ.
---