Ё Раб, ба ҷуз ту ёри дигар нест, нест, нест. ҷуз тоъати ту кори дигар нест, нест, нест. Дар соати фироқи ту аз чашми ашкбор Некутар обшори дигар нест, нест, нест. Ё Раб, ҳама умед ба лутфи ту бастаам, Уммеду интизори дигарнест, нест, нест. Дар чорсӯи даҳр ҳама вартаи балост, ҷуз амни ту ҳисори дигар нест, нест, нест. Эй нури чашм, гарчи туро ҳеч кас надид ғайри ту ошкори дигар нест, нест, нест. Домони меҳри туст ҷаҳон ғурбат аз куҷост, Бе даргаҳат диёри дигар нест, нест, нест. Ҳар ҷо ки рафтаем, ба пос истодаем: ҷуз бо туам қарори дигар нест, нест, нест.