Воизон, к-ин чилва бар мехробу минбар мекунанд, Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд. Мушкиле дорам зи донишманди мачлис бозпурс, Тавбафармоен чаро худ тавба камтар мекунанд? Е раб, ин навдавлатонро бар хари худшон нишон, К-ин хама ноз аз гуломи турку астар мекунанд. Бандаи пири хароботам, ки дарвешони у Ганчро аз бениези хок бар сар мекунанд. Эй гадои хонаках боз о, ки дар дайри мугон Медиханд обею дилхоро тавонгар мекунанд. Хусни бепоени у чандон, ки ошик мекушад. Зумраи дигар ба ишк аз гайб сарбар мекунанд. Ох-ох аз дасти саррофони гавхарношинос, Хар замон хармухраро бо дур баробар мекунанд. Субхдам аз арш меомад хуруше, акл гуфт: – Кудсиен гуиё, ки шеъри Хофиз азбар мекунанд.