Соқиву сирдиҳе зи лаби ёрам орзуст,
Бадмастие зи наргиси хамморам орзуст!
Ҳиндуи турраат чи расанбоз лӯлиест,
Лӯлигарии турраи таррорам орзуст!
Андар дилам зи ғамзаи ғаммоз фитнаҳост,
Фитнанишони ҷодуи беморам орзуст!
З-он рӯ, ки ғадрҳову дағоҳош бас хуш аст,
Ғадраш маро бисӯзад, ғаддорам орзуст!
З-он шамъи беназир, ки дар ломакон битофт,
Парвонавор сӯхтаи ҳамворам орзуст!
Гулзори ҳусн, рӯ бикушо, з-он ки аз рухат
Маҳ шармсор гаштаву гулзорам орзуст!
Баъд аз чаҳор сол нишастем ду ба ду,
Як раҳ ба кӯйи васли ту дучорам орзуст!
Инкор кард ақли ту в - ин кор карда ишқ,
Инкор суд нест, чун ин корам орзуст!
Ронем болиши шаҳу роне ба захми мор,
Бо Мустафои ҳусн - дар он ғорам орзу