Ай ашк оҳиста бирез ки ғам зиёд аст, Ай шамъ оҳиста бисӯз ки шаб дароз аст. Имрӯз касе марҳами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест. Ҳар марди шутурдор Увайси Қарни нест, Ҳар шишаи гулранг ақиқи Ямани нест. Ҳар сангу гуле гавҳари ноёб нагардад, Ҳар Аҳмаду Маҳмуд Расули мадани нест. Бар мурдадилон панд мадеҳ хеш маёзор, Зеро ки Абуҷаҳл мусалмон шудани нест. Бар марди Худо панҷа майяфкан чу Намруд, Ин ҷисмӣ халил аст ки оташ задани нест. Хушнуд машав душман агар кард муҳаббат, Хандидани ҷалод зи ширинсухани нест. Ҷойе ки бародар ба бародар накунад раҳм, Бегона барои ту бародар шудани нест. Сад бор агар доя ба тифли ту диҳад шир, Ғофил машав ай дӯст ки модар шудани нест.