Зи тухматхои номардон Худовандо нигахбон шав,
Зи дилсузии бе дардон, Худовандо нигахбон шав.
Тану чони саломат дех, макун хори дари хар кас,
Дар ин дунёи саргардон, Худовандо нигахбон шав.
Ба руят гуфт харфи хубу аз пуштат кунад гайбат,
Зи дилсардии лабхандон, Худовандо нигахбон шав.
Ба ки дарди дилам гуям, ки гаштам саргарони дахр,
Маро аз дидаи хайрон, Худовандо нигахбон шав.