Бо нураш гарчи ин хуршеди ховар,Фаро гирад чахонеро саросар,Намегардад валекин он баробарБа ин пуркуввати бо мехри модар!Факат модар ба хар гармову сармо,Хамеша бар сари гахвораи мо,Накарда мижа тах, биншаста шабхо,Бипарвард у чу чон бигрифта дар бар.Вучудаш чун ба фарзанд аст пайванд,Варо хонад ба худ чону чигарбанд.Агар хоре занад бар пои фарзанд,Дили модар шавад гамгин мукаррар.Барои фикру ёди пурумедаш,Барои хурмати муи сафедаш,Ба чон хам хурмату иззат кунедаш,Набошад то ки чашмаш хеч гах тар.