Гар бандаи Раҳмони, Гар фарди мусалмони, Гар пайрави "Қурьон"-и, Бояд,ки намоз хони! Аллоҳ-мададгорат! Пурфайз бувад корат! Ҳаргиз макунад хорат! Бояд,ки намоз хони! Рухсора ба нур гардад! Fамҳои ту дур гардад! Шодиву сурур гардад! Бояд,ки намоз хони! Дар пайраҳаи тағдир, Ҳаргиз мабош дилгир! Аллох дихад тағдир, Бояд,ки намоз хони! Дар калби шаби зулмон, Бархезу бихон "Қурьон"! Мушкил бишавад осон, Бояд,ки намоз хони. Раҳмони раҳим дори! Fуфрони карим дори! Гар дарди азим дори, Бояд,ки намоз хони! Бо ёди Аллоҳ бош! Аз зиндаги хурсанд бош! Бо Зотту пайванд бош! Бояд,ки намоз хони