Аз дили санги мазори ту садо чуям Падар, Сабзаро буидаву бусида ман гуям Падар. Ман бо умеде,ки бинам як назар руи туро, Ку ба ку мегардаму хар лахза мегуям Падар, Дар кадом оина бинам кадди дилчуи Падар, Аз ки гирам,аз кучо ман нусхаи руи Падар? Шаб ба суи Кахкашон мурги дилам пар мекашад, То бубинам лахзае чашми сухангуи Падар. Химмат, эй абри гузар, ту руи шахболат бубар,Нам-нами ашки чигарсузи маро суи Падар.