Ду рӯзе гиря дорам, бесукут баъди сари Қобил,
Чу дидам лаҳзаи ҷон додану чашми тари Қобил.
Вуҷудам сӯхту аз андӯҳи ӯ гардида хокистар,
Дилам садпора шуд аз гиряҳоӣ модари Қобил.
Дабистон холи шуд аз шери пуртуғёни шерафкан,
Ба хун ҷӯлида менолад китобу дафтари Қобил.
Аз ин доғе,ки дар дил дорам охир мурданам беҳтар,
Ки будам зиндаву, аммо набудам дар бари Қобил.
Ғарибӣ душмани ҷони ҳама пиру ҷавон гашта,
Паи ҳам теғ мезад нокасе бар пайкари Қобил.
Бидорам илтиҷо, модар набинад доғи фарзандаш,
Худовандо,нигаҳбони намоӣ додари
Қобил.
Тамоми ҷону тан гирён, ҳама халқи Ватан гирён,
Бисӯхта синаҳои мардумон аз озари
Қобил.
Надорам,қудрати парвози боло, ҳеҷ Маҳкампур,
Пару болам маро бишкаста чун болу пари Қобил.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев