Фазилати азон додан
372. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд: “Вақте ки барои азон нидо мешавад, шайтон барои он, ки садои азонро нашнавад, дар ҳоле, ки бод аз вай хориҷ мегардад, мегурезад ва чун азон тамом шуд, дубора бармегардад ва боз дар вақти иқомат гуфтан мегурезад ва чун иқомат тамом шуд, дубора бармегардад, дар дили (шахси намозгузор) мухотира андохта ва чизҳоеро, ки аз ёдаш рафта буд, дубора ба ёдаш оварда мегӯяд: Ин чизро ба ёд биёвар, он чизро ба ёд биёвар. Ба ин кор то ҷое идома медиҳад, ки шахси намозгузор намедонад чанд ракаат намоз хондааст.
БОБИ 4. Муаззин бояд овозашро баланд намояд
373. Аз Абӯсаъиди Худрӣ (р) ривоят аст, ки гуфт: Аз Паёмбари Худо (с) шунидам, ки фармуданд: “Ҳар инс ва ҷин ва махлуқи дигаре (аз санг ва чӯб ва дарахт ва ғайра), ки садои муаззинро бишнавад, дар рӯзи қиёмат барояш шаҳодат медиҳад."


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев