Назди арбоби ҳунар мояи имон адаб аст,
Лоҷарам пешаи мардони сухандон адаб аст.
Одамизода агар беадаб аст, одам нест,
Фарқ дар байни бани Одаму ҳайвон адаб аст.
Як-ду рӯзе ту дар ин мулки ҷаҳон меҳмонӣ,
Боадаб бош, ки хосияти меҳмон адаб аст.
Беадабро набувад лоиқи султон чизе,
Нек бингар ба яқин, лоиқи султон адаб аст.
Кардам аз ақл суоле ки бигӯ имон чист?
Ақл бар гӯшу дилам гуфт, ки имон адаб аст.
Чашм бикшову бубин ҷумла каломуллоҳро,
Оят-оят ҳамагӣ маънии Қуръон адаб аст.
Рав писар, панди падар гӯш бикун ҳар шабу рӯз,
Давлату сарвату тоҷи сари мардон адаб аст.
Шамси Табрез, бикун зикри Худои малакут, Нағмапардозии ин мурғи хушилҳон адаб аст.
Ҷалолуддини БАЛХӢ