Як дустам сабаби Намоз хонданашро чунин баён кард, бисёр содда ва осон ба Намоз омадам. Рузе дар синф нишаста будам, дарси динӣ доштем. Муаллим вақте дар синф дохил шуд, аз шогирдон савол кард: Ба назари шумо, чӣ касоне Намоз намехонанд? Шогирди аввал аз руйи маъсумият гуфт: Касоне, ки мурдаанд, Намоз намехонанд. Шогирди дуввум аз руи надомат гуфт: Касоне, ки ба Намоз хондан балад нестанд, Намоз намехонанд. Шогирди саввум аз ҷояш баланд шуд ва ҷавоби мақбуле гуфт: Касоне, ки мусалмон нестанд, Намоз намехонанд. Ҳамин тавр чаҳорумин гуфт: Касоне, ки кофар ҳастанд, Намоз намехонанд. Шогирди панҷумин гуфт: Касоне, ки аз Худованд наметарсанд, Намоз намехонанд. Тамоми шогирдон фикрҳо