Худованд барои бандагонаш мегуяд!
Дилатро хонаи ман кун мусаффо карданаш бо ман,
Ба мо дарди дил ифшо кун мудово карданаш бо ман.
Биёвар қатраи ашке, ки ман ҳастам харидораш,
Биёвар қатраи ихлос дарё карданаш бо ман.
Ба мо гӯ ҳоҷати худро, иҷобат мекунам онро, (оне)
Талаб кун ҳар чи мехоҳи, муҳаё карданаш бо ман.
Агар гум кардаи эй дил калиди истиҷобатро,
Биё як лаҳза бо мо бош, пайдо карданаш бо ман.
Агар умре гунаҳ карди, машав навмед аз раҳмат,
Ту тавба номаро бинвис, ки имзо карданаш бо ман.