Қисса Писаре дар болои кат бемор хобида буд, ки аҷалаш расид. Баъд ба назди ӯ як фариштае аз осмон меояду мегуяд: - Ту дар ҳаётат бисёр хубиҳо карди ва акнун дар назди ту ду роҳ ҳаст, яке роҳ ба сӯи Биҳишт дигаре умр. Агар ба Биҳишт рафтан хоҳӣ танҳо 4 қадам мон. Писар ба сӯи Биҳишт қадами аввалро мемонд, ки ногоҳ ба гӯшаш фиғоне мерасад.Ба фаришта мегӯяд: - Инҳо кистанд, ки гиря доранд? Фаришта мегӯяд: - Инҳо дӯстони туанд, ки аз барои вафоти ту 3 рӯз азодорӣ мекунанд ва туро фаромӯш мекунанд. Писарак қадами дуюмро ба сӯи Биҳишт мемонад, боз фиғоне ба гӯшаш мерасад. Писарак аз фаришта мепурсад: - Инҳо кистанд, ки гиря мекунанд? Фаришта мегӯяд: - Инҳо хешу ақрабои туянд,ки барои мурдани ту 4